0 Comments

ЯК НАЗМИ РӮЗ (1)

09 апреля

Кори замона хуб ба як тан намешавад,
Бо як чароғ деҳкада равшан намешавад.
Он беҳ, ки тан диҳем ғами сарнавиштро,
Ҷодуи вақтро, ки шикастан намешавад.
Пурсидиям ба танз: Дилат аз чӣ ҷинс буд?
Хун буду ашк, дил, ки зи оҳан намешавад.
Аз риши худ манозу зи тоби бурут ҳам,
Гоҳе ҳазор мард яке зан намешавад.
"Шаҳнома" бе ҳузури ғурураш надошт ранг,
Афросиёб агарчи Таҳамтан намешавад.
Нақси замон намешавад аз саъйи ман дуруст,
Бо як чароғ деҳкада равшан намешавад.
                                    /ОЗАР/

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top