0 Comments

Шеър: Ту биханд....

24 мая

Дили ман бе ту ғамин аст,
Ту бизӣ, шодтар аз ман.
Ту бишин, пештар аз беш,
Ба бари хубтар аз ман.

Ту кушо дар, ки бубини,
Раҳи ояндаат аз кист.
Ту бипӯш рӯйи худ аз ман,
Ки дилат хонаи холист.

Ту биханд, эй гули насрин,
Ки дар ишқат ҳазаре нест,
Ту бигӯ рост, ки шояд.
Ба ту аз ман самаре нест.
                                       /Зеварӣ/


Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top