0 Comments

Шеър дар ошиқӣ қонун дорад

18 июня

Шеър гуфтам, ки ба ёдат оям,
Гӯи, ин шоир аҷаб содда будаст.
Ба ҳама фанду ситамкории ман,
Дари дил беҳуда бикшода будаст.

Боз гӯи ба ҳама шефтагиш,
Шеър аз баҳри ман афзун дорад.
 Ман зи худ рафтаам оре, шояд,
Шеър дар ошиқӣ қонун дорад.

Ё ки дар ошиқӣ тақдирам нест,
Ё ки дар дар ишқу вафо ношукрам.
Ё ман аз олами дил бехабаре,
Ё ки аз қалби ту фарсах дурам.

Шеър гуфтам ва гаҳе хоҳам гуфт,
Гоҳ-гоҳе, ки ба ёдат оям.
Боз гӯи, ки "муваффақ шудаам",
Ба ҳама ҷаври ту карданҳоям.
                           /Зеварӣ/

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top