(Пайравӣ аз шеъри "Ҷавониям"- и Лоиқ)
Куҷо шуд занги пешинат?
Куҷо шуд ишқи деринат?Куҷо шуд ҳарфи гулчинат?
Куҷо шуд лаҳни ширинат?
Чу моҳе бенишон рафти,
Чу боде ноаён рафти.
Куҷо рафти ҳабиби ман?
Ҳабиби ман куҷо рафти?
Куҷо шуд меҳрубоният?
Куҷо шуд интизорият?
Куҷо шуд беқарорият?
Куҷо шуд меҳри ёрият?
Чу ҳуре бар само рафти,
Чу мушке бар сафо рафти.
Куҷо рафти ҳабиби ман?
Ҳабиби ман куҷо рафти?
Куҷо шуд нағмаву созат?
Куҷо шуд авҷи эъҷозат?
Куҷо шуд сури парвозат?
Куҷо шуд номаи розат?
Чу умри бевафо рафти,
Чу нури бесадо рафти.
Куҷо рафти ҳабиби ман?
Ҳабиби ман куҷо рафти?
/Зеварӣ/
0 Comments:
Отправить комментарий