Телевизиони Хатлон дар се рӯзи ахир ҳаҷми пахши барномаҳояшро аз 18 ба 20 соат расонид ва тағйироти кадриро дар самти телевизион ба амал овард.
Гуфта мешавад, ки дар иловаи ду соати ҳаҷми эфир пахши филмҳои бадеӣ роҳандозӣ шудааст. Интизор меравад, ки бо дарёфти чеҳраҳои нав шумори нашри филмҳои бадеӣ аз байн бурда мешавад ва ба ҷои он барномаҳои ҷадид манзури бинанда мегарданд.
Бо зиёд кардани ҳаҷми эфир Телевизиони Хатлон тайи як ҳафта боз барои дарёфти наттоқон озмун эълон кардааст ва эҳтимил аст, ки чеҳраҳои нав ба кор қабул хоҳанд шуд ва таҳияи барномаҳои бештари диданӣ рӯйи кор хоҳад омад.
Тағйироти кадрӣ низ дар телевизиони мазкур имрўзҳо сурат гирифта истодааст. Дар ин тағйиротҳо бино ба сабаби ба нафақа баромадан Мудири шуъбаи ахбори телевизиони Хатлон аз вазифа барканор шуд ва ба вазифаи он хабарнигори рӯзномаи "Ҷумҳурият" Зокир Ҳасан таъйин гардид.

Идораи Телевизион ва радиои Хатлон дар соли 2018 тасмимҳои навро роҳандозӣ кард ва пахши барномаҳои телевизионии он аз 16 ба 18 ва баъди чанде аз 18 ба 20 соат расонида шуд. Ин дар ҳоле буд, ки раиси Идораи мазкур Ҳамро Салимов ба кори дигар гузашт ва ҷойгузини он раиси нав Соҳибназари Муҳаммади Ғоиб таъйин шуд. Мушкили асосии телевизион ва радиои ин вилояти сераҳолитарини кишвар он аст, ки ҳанӯз аз фарогири мавҷ дар минтақаҳои вилоят мушкил дорад. Аммо роҳбарият тасмим доранд, ки ин мушкил бояд дар муддатҳои кӯтоҳ аз байн бурда шавад.
Зеваршоҳ Ғозиев
0 Comments:
Отправить комментарий