0 Comments

ЯК ПАЁМ (1)

02 апреля


Ҳафтаи гузашта чун ҳар вақта дар маҳфили "Навқалам" иштирок доштам ва он хеле хотирмон ва диданӣ буд.
Навқаламоне, ки аз гирду гушаҳои шаҳри Қурғонтеппа дар маҳфил иштирок доштанд, тавсияҳои устодон меҳри онҳоро нисбати шеър зиёдтар менамуд.
Барои ман низ басо хушҳолист, зеро ифтихор аз он дорам, ки имрӯз мо ҷавонон дар шароите зиндагӣ дорем, ки бидуни ҳеҷ кадом мамоният дар дилхоҳ маҳфилҳо фаъолият, иштирок ва баёни сухан мекунем. Бидуни шубҳа, хеле фараҳмандист, ки ба мо устодони бузург дарси шеър мегуянд ва ин барои ҷавони имрӯза, ки хоса ба навиштану эҷод кардани шеър дода шуда аст, имконияти бисёр ҳам хубе хоҳад буд.

Маҳфили "Навқалам", ки роҳбарии онро  шоир, Озар ба уҳда доранд, хеле фаъолияти босамар дорад.
Тайи ҳар ҳафта ин маҳфил бо навҷӯиву тозафикрии ҷавонон ва бо иштироки устодони шеър гузаронида шуда, навқаламони роҳи шеъри ноби тоҷикиро ба ҳам меоварад ва намунаҳои шеърҳои эшон пешниҳод ва аз ҷониби устодони сухан Озар, Акрами Ризом ва Баёзӣ бо тамоми нозукияти шеърӣ таҳрир мегардад.
Тавре яке аз аъзоёни фаъоли ин маҳфил Аъзам Раупов(Рауфӣ) изҳор дошт, "Аз фаъолияти ин гуна маҳфилҳо дониши маънавию шеърии мо навқаламон  хеле тақвият ёфта воқеан шавқи моро нисбати шеъру шоирӣ зиёд мекунад".
Нафароне, ки майли иштирок дар ин маҳфил доранд ёдрас мешавем, ки маҳфили "Навқалам" ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе соати 14:00 дар Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Ш.Шоҳини шаҳри Қурғонтеппа гузаронида мешавад.


Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top