Радиои Ватан радиои дӯстдоштанист. Ман бисёр мехостам саффи шунавандагони умуман радио имрӯз зиёд бошад, вале мебинам, ки на он қадар...
Имруз хостам, каме маълумот дар бораи Шоу барномаи субҳгоҳии "Субҳи Ватан" аз радиои Ватан бароятон пешниҳод кунам.
....Одатан барномаи Субҳи Ватан ҳаррӯз барои шунавандагон бо пешниходи зиëда аз 13-14 бахш сурат мегирад. Ҳар рӯз иттилоъи нав ба нав аз сомонаҳои интернетӣ дастрас тарҷума ва пешкаши сомеон мегардад.
Шунавандагон метавонанд дар бахшҳое ки тариқи саволу ҷавоб сурат мегиранд соҳиби туҳфаҳои арзишманд гарданд.
Имкониятҳои дастрасии ҳар рӯз бо як хабари ҷадид дар бахши "Як хабар".
Бахшҳои "Ҷидрайф", "Мегадрайф", "Раҳораҳ" ва ҳамин гуна бахшу саҳифаҳои шавқовари дигар ба шунавандагон имконият медиҳанд, ки ҳам дониши худро бисанҷанд ва ҳам туҳфа ба даст биëранд.
Илова бар ин сомеон метавонад ба эфири Радиои Ватан бо телефони боварии 2387070 занг зананд ë дар саҳифаи фейсбуки Субҳон Ҷалилов нависанд ва ҳатто нақшаҳои онҳо ҳатман тавасути бахши "Нақшаи рӯз" шунавонида мешавад.
Ҳамин гуна бахшҳои ҷолибу шуниданӣ ҳамарӯза дар барномаи "Субҳи Ватан" аз Радиои Ватан бо баëн ва нимшухиҳои Субҳон Ҷалилов садо медиҳад.
Ман ба Субҳон Ҷалилов ва кормандони Радиои Ватан барор саодат ва илҳоми беканор орзумандам.
Барои ба ин су назар карданатон СИПОС!
/МО БО ШУМОЕМ!/
Поделиться в соцсетях:
Рекомендуем:
Подписаться на:
Комментарии к сообщению (Atom)
0 Comments:
Отправить комментарий