0 Comments

ЯК ШЕЪРИ МАН (2)

03 апреля

                  СОАТ
Соатеро, ки ҳадяат кардам,
Соати дарду беқарорӣ буд.
Гарчи буд одиву назарногир,
Лек, он рамзи бурдборӣ буд.

Аз нишону зи бенишониҳо,
Соати ҳадя кардаи ман рафт.
Роҳи беохиру раҳи фарёд,
Аз паяш нури хандаи ман рафт.

Ман, ки танҳо дар он замон будам,
Зору ҳайрониро нишон будам.
Банда ҳайрони ишқатам, зеро,
Он замон бе ту безамон будам.

Лаҳзаҳои нигоҳу бедорӣ,
Фурсати вопасини роҳам буд.
Ҳар қадам бе ту ҳар куҷо рафтам,
Ёди руят  далели оҳам буд.

Дидамат гуфтиям, ки ғам дорам,
Ман ба ғамдориҳот хайронам.
То кунун бо хаёли руйи ту,
Интизор, беқарор нолонам.
                       /ЗЕВАРӢ/

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top