0 Comments

ЯК ШЕЪРИ МАН (3)

03 апреля

                 

                     МОДАР
Ало эй модари ҷон, эй ки ҳасти нури чашмонам,
Ту як шамъи фурӯзони миёни хонаи ҷонам.
Симои ҷумла фарзандон туро пеши назар бошад,
Ки ҳар фарзанди ту баҳри ту як лахти ҷигар бошад.
Ба ёди хеш дорам дастҳои бемадоратро,
Такопуву давиданҳову ҷони беқароратро .
Нахуфта нимашаб, медухти бар дар даргаҳи Яздон,
Ҳамон чашмони бар фардои беҳтар интизоратро.
Барои мо ту буди қарздор аз ҳар касу нокас,
Набудат қудрате то қарзхои худ диҳи вопас.
Дигар ман қарздорам аз ту модар, то даме ҳастам,
Кунам баҳри ту ҳар коре, ки хоҳад омад аз дастам.
                         /ЗЕВАРӢ/

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top