0 Comments

Ба муҳол аст

26 апреля

Дил  з-он ки надидааст туро бе ту малол аст,
Аз дидани ту чашми маро амри маҳол аст.
Дар маҳфили меҳру карами руи ту ҳар дам,
Ин бандахудоро ба сухан волаи лол аст.
Аз ташнагиҳо оби дусадранга бихурдам,
Якрангии оби нигаҳат боди зулол аст.
Тасвири ду абрӯи ту гар машқ намоям,
Он лаҳза ба ишқи ту маро кори ҷалол аст.
Эҳсони ту нодида фақат дидани ғамҳо,
Боис шуда бар ман, ки қади рост чу дол аст.
Як ҳарфи ту бо ғамзада бас дар шаби торӣ,
Лаҳни шаккарини ту ба ин банда чу мол аст.
Аз боғи ҳавасҳои дилам рафт надонам,
Ногуфтани ашки нигаҳи ёр завол аст.
Аз рӯзи азал дидани ту, бар ту нагуфтам,
К-ин будани ту дар раҳи парвоз чу бол аст.
Боре ту нигар з-ин қафаси танги ҷудоӣ,
Бе руи ту уфтодаи ғамҳо ба чӣ ҳол аст.
Дар қисмати сармо ту ки хандида бирафтӣ,
Ин лаҳза баҳорон шудаву ханда ба нол аст.
Аз навданиҳоли чамани сарвати ишқат,
Як банда ба як навдаи андоми ту кол аст.
Дар ишқи мани содда, ки раҳме ту надорӣ,
Пас гуфтани шеъру ғазали ишқи ту қол аст.
То будаму гуфтам ғазали ишқи ту ҳар дам,
Баъди сари ман Зеварӣ гуфтан ба муҳол аст.

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top