Гарчи аз кори замон бехабарем,
Фарди овора ба ҳар раҳгузарем.
Гарчи бо дабдабаҳо боҳунарем,
Оқибат чӣ? зи ҷаҳон мегузарем!
Гаҳ ба умеди ҷаҳон бо хатарем,
Худситоему гаҳе бому дарем.
Гаҳ ба корвони ҷафо бо сафарем,
Оқибат чӣ? зи ҷаҳон мегузарем!
Аз пайи сарвати дунё бадарем,
Гарчи доим зи дигарҳо дигарем.
Аз пайи хоҳиши дил босамарем.
Оқибат чӣ? зи ҷаҳон мегузарем!
Гарчи дар бандагиҳо фитнагарем,
Баҳри пулдорӣ ба хуни ҷигарем.
Гарчи устоди ба гап ҳиллагарем.
Оқибат чӣ? зи ҷаҳон мегузарем!
0 Comments:
Отправить комментарий