Ба туву кори туву меҳри ту одат кадаме,
Ба ҳама нозукиҳои қаноат кадаме.
Шух будам, ки зи ман шухи ситамкора шуди,
Гуфтан айб аст чу бигӯи ки хиёнат кадаме.
Оҳ, одат кадаме,
Хеш маломат кадаме!
Нолаи ишқи ту кардам бар раҳи чораи дил,
Ба худам н-омада пеши ту ибодат кадаме.
Боварам то ба кунун н-ояд аз ин содагиям,
Ки мани содда чаро бо ту рафоқат кадаме.
Оҳ, одат кадаме,
Хеш маломат кадаме!
Ишқ ин буд, муаммои дили накшода.
Ки фақат бар дилу бар хеш маломат кадаме.
Ба раҳи рафтаи кори аҷабат рафтаму баъд
Ғазали тавбаи кори ту қироат кадаме.
Оҳ, одат кадаме,
Хеш маломат кадаме!
/Зеварӣ/
0 Comments:
Отправить комментарий