Замоне барои ман мавод дар мавзӯи Журналистикаи ҳарбӣ лозим буд ва ҳатто шунидам, ки нафарони дигар низ мехостанд дар ин бора чизеро донанд. Вале аҷобати кор дар он буд, ки бо забони тоҷикии худамон дастрасии ин гуна мавод дар интернет шояд хеле мушкил менамуд. Дақиқан гуфта наметавонам, ки оиди ин мавзӯъ матлаб бо забони тоҷикӣ бо осонӣ ба даст ояд. Аз ин рӯ ман хостам мазмунан ва мухтасаран баротон дар бораи аломатҳои журналистикаи ҳарбӣ бо забони тоҷикӣ андак маълумот пешниҳод кунам.
Аломатҳои журналистикаи ҳарбӣ ҳанӯз дар замони Искандари Мақдунӣ ба назар мерасид. Дар он давра одамони махсус омӯзонида шуда буданд, ки аз муваффақиятҳои низомиёни худ менавиштанд ва маводҳои онҳо ба шакли ҳикояҳо чоп мешуд.
Хабарҳои умумии он давраҳоро дар бораи воқеаҳои ҷангӣ метавон намунае аз кори журналистикаи ҳарбӣ ҳисобид.
Дар рӯзномаҳои Бритониё чопи хабарҳо ва намуди маводҳои хабарӣ дар
Ҷанги "30 сола" (1618-1648).
боиси бозгашти як қувваи бузурги таърихии журналистикаи ҳарбӣ гашт.
Хусусиятҳои журналистикаи ҳарбӣ
таввасути паёмҳо дар бораи қаҳрамонони ҷоннисоршуда дар набардҳои ҷангӣ ба назар мерасид.
Рушди журналистикаи ҳарбӣ ҳамчун касб
бо ворид шудани технологияи нав (аксбардорӣ, телеграф) ва ба тағйир ёфтани воқеияти журналистӣ сабабгор шуд.
Дар ҷанг симои аксари рӯзномаҳо дигаргун ба назар мерасид.
Дар гузариш аз сензура ва назорати васоити ахбори омма ба идоракунии алоқаи ҳарбӣ ҷорӣ намудани ВАО- и электронӣ дар мисоли радио ва кино ҳамчун васоити ахбори нав зина ба зина ба миён омад.
Ҷанги Ветнамро дар ин бора ёдовар шудан қобили тазаккур аст, ки он бо номи Ҷанги зиндагии ҳуҷра (яъне ҷанг дар ҳуҷраи зиндагӣ) дар таърих сабт шудааст, ки аз он
хабарҳои зиёди журналистӣ дар бораи ҳодисаҳои ҷангӣ ба чашм мерасид. Яъне онро низ метавон аз нишонаҳои кори журналистикаи ҳарбӣ ном бурд.
Тағйироти якбора авзоъи ҷомеаро пас аз пайдоиши хабарнигорӣ маводи видеоӣ дигар намуд. Инъикоси даҳшати ҷангӣ таввасути дастгоҳои журналистӣ қадам ба қадам зиёдтар мешуд, ки дар ин баробар журналистикаи касбӣ низ рушд ёфт.
Журналистикаи ҳарбӣ ҳамчун як мактаб дар Тоҷикистон дар ҳоли ру ба инкишоф аст.
Қариб дар давоми даҳ сол, ки журналистикаи тоҷик фаъолияти худро дар ҷанги шаҳрвандӣ пеш мебурд, баъзан набудани дониш ва маҳоратҳои мушаххас, барои кори журналистон дар минтақаҳои ҷанг ва муноқишаҳои сиёсӣ, боиси марги якчанд тан аз рӯзномагорон гардид. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, даҳҳо журналистони маҳаллӣ, ҷони худро аз даст доданд, аммо баъзе аз журналистон дар ин бора таҷрибаи бебаҳо ба даст оварданд, ки
ин таҷриба, барои насли нави журналистони оянда низ боқӣ мемонад.
Дониш ва малакаҳои зарурӣ барои журналистони ҳарбӣ, ҳангоми кор дар ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми низоъҳо ва равандҳои сиёсӣ метавонад нақши ҳалкунанда бозад...
Дар робита ба ин, Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои рӯзноманигорони маҳаллӣ, дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, тренингҳои махсус ва курсҳои, ки дар он як насли нави журналистонро ба гирифтани дониши зарурӣ роҳбаладӣ мекунанд, бояд дар иҷрои вазифаҳои касбии журналистон дар ҳолатҳои фавқулодда ба онҳо кумакрасон бошанд...
Кор дар нуқтаҳое, ҷангу низоъдор аз қабили Афғонистон, Ироқ ва Сурия, малакаи хеле қавии журналистиро талаб мекунад, ки қоидаҳои асосии корро надонистани рӯзноманигорон, боиси зарар ва ё марги онҳо хоҳад гашт.
Намунаи кори журналистикаи ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикисто ва дар ҳоли имрузҳо бештар таввасути барномаи "Сарбози Ватан" мушоҳида мешавад, ки паҳлуҳои васеи фаъолияти журналистикаи ҳарбиро дар Тоҷикистон инъикос мекунад ва он бевосита дар ҳамкорӣ бо Вазорати дифои ҶТ омода мешавад, ки бо заҳматҳои босамари муаллифи барнома Фаридун Маҳмадализода дар шабакаи Телевизиони Тоҷикистон
таҳия ва пешниҳоди бинандагон мегардад.
Хушҳолам, ки ба ин сӯ назар кардед. Дар ҳама гуна самти фаъолият ба Шумо барор ва илҳоми беканор орзумандам!
/Зеваршоҳ ҒОЗИЕВ/
Поделиться в соцсетях:
Рекомендуем:
Подписаться на:
Комментарии к сообщению (Atom)
0 Comments:
Отправить комментарий