0 Comments

КИМИЁИ САОДАТ- и Ғаззолиро ҳангоме саҳифагардонӣ кардам...

04 июня

Ҷилди 1-уми "Кимиёи саодат"- и Имом Ғаззолиро барои мутолеа ҳангоме саҳифагардонӣ кардам, аҷобат суханҳо дидам, ки воқеан арзишманду басо хонданӣ буд.

Ин китоб беҳтарин дурдона аз қаъри ҳақиқат аст, зеро нафаре, ки ба дунёи  суханбозиҳои Ғаззолӣ ворид мешавад, бе ҳеҷ ваҷҳ қоили каломи воқеиву ибратомӯзе хоҳад шуд.
Саҳифаи 88  ва 90 - и ин китоб, ки андар "унвони мусалмонӣ" ва "аркони муомалати мусалмонӣ'' аст, ман тасмим гирифтам, ки ба хонандаи арҷмандам аз ин суханпардозиҳои қобили ибрат дар блоги худ ҳар навбат гирди мавзӯҳои гуногунранги саҳифаҳои "Кимиёи саодат"  андак - андак қисса кунам:

Порчае аз саҳифаҳои бологуфта:

      Унвони мусалмонӣ
Аммо унвони аввал он аст, ки ҳақиқати худ бишиносад.

Ва унвони дуввум он аст, ки Худой Таъоло бишиносад.

Ва унвони севвум он аст, ки ҳақиқати дунёро бишиносад.

Ва унвони чаҳорум он аст, ки ҳақиқати охиратро бишиносад.

      Аркони муомалати мусалмонӣ
Ва аммо аркони муомалоти мусалмонӣ чаҳор аст: ду ба зоҳир таалуқ дорад ва ду ба ботин.

Он ду, ки ба зоҳир таалуқ дорад:

Рукни аввал гузоридани фармони Ҳаққ аст, ки онро ибодот гӯянд.

Рукни дуввум нигоҳ доштани адаб аст андар ҳаракоту саканоту маишат, ки онро муомалот гӯянд.

  Ва аммо он ду, ки ба ботин таалуқ дорад:

Яке пок кардани дил аст аз ахлоқи нописандида, чун хашму бухлу хасаду кибру уҷбу риё, ки ин ахлоқро мӯҳликот гӯянд ва ақаботи роҳи дин гӯянд.

Ва дигар рукни оростани дил аст ба ахлоқи писандида, чун сабру шукру муҳаббату ризову раҷову таваккул, ки онро мунҷиёт гӯянд.

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top