Шояд замоне ранҷонда будамат.
Шояд то ин дам бароят сухани хубе гуфта натавонистам, ки боиси дилхушии ту шуда бошад.
Шояд ту аз ман мутанаффир шудаи, ки боре назари так-таки майли дилатро хонда наметавонистам.
Шояд бухси хотираҳои мондагор туро ба "ҳайфи ту" гуфтан водор кунад, ки маро нафрин куни.
Вале ман ба арҷи ҳама хотираҳо аз ту розиям.
Ва умедворам, ки бо ҳама девонагиҳом маро мебахши...
Рузат ба хайр, ай ҷони ман!
0 Comments:
Отправить комментарий