0 Comments

Шеър: Дидори дарахт

13 июня

Дарахти зардрангам пир гаштӣ,
Ба ин ҳолат нигар, сарду хазонӣ.
Набудам то ки бӯсам решаатро,
Ба айёми баҳору зиндагонӣ.

Зи баъди чанд соли рафтани ман,
Хамӯшиву ба корат беқарорӣ.
Ҳаворо менигоҳӣ бе табу тоб,
Ки шояд турнаҳороинтизорӣ.

Дареғ аз ман тамоми лаҳзаҳо рафт,
Ману ту монда зери жолаю барф.
Яқинам баъди ман шояд, ки умре
Ту мемониву мегӯӣ ду - се ҳарф.

Замоне мерасад пар – пар зани ту,
Ки он дам лаҳзаҳои бехаёлист.
Шамоли рафтанам гоҳе агар шуд,
Нагӯи шояд аз кори хаёлист.

Кунун аз нав ҷилои рӯи худ бин,
Ки борони  дилам рӯи туро шуст.
Ту месабзӣ, намесабзӣ, надонам,
Вале умеди ман бо будани тӯст.
       

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top