0 Comments

Суруди "Лайлӣ, лайлӣ шабо мазор мерам" ҷавонони Бохтарро ба гиторзанӣ бурд

05 апреля

Қариб ҳар шаб дар майдони сомонии шаҳри Бохтар ҷавонони зиёд ҷамъ меоянд ва ба қавле "Шоми гиторзанӣ" - ро ташкил мекунанд.
     Иддае аз нафароне, ки ҳаводори ҳамингуна маҳфилҳои шабонаи бархе аз ҷавононанд, барои тамошои ин манзара ба гўш кардани "Шоми гиторзанӣ" мераванд.
Ҳайдаралӣ, аз зумраи ҷавононест, ки ба гиторзанӣ завқ дорад. Ба қавли ӯ имрўз гиторзанӣ миёни ҷавонон ба шуғли дӯстдоштанӣ табдил ёфтааст.
    "На танҳо дар Бохтар, балки дар дигар шаҳрҳо низ чунин анъана ҳаст. Агар мо вориди интернет шавем, мебинем, ки ҷавонони дигар манотиқи кашвар низ роликҳои гиторзанияшонро ба тамошо гузоштаанд. Аммо ман ташкили чунин як "Шоми гиторзанӣ"- ро як навъ фароғати ҷавонӣ меҳисобам"- гуфт, ҳамсуҳбати мо.
Ба қавли ин нафар садои гитор аз шумори асбобҳои писандидаи ҷавонони имрӯза маҳсуб меёбад.
      "Лайлӣ, лайлӣ шабо мазор мерам" аз ҷумлаи маъруфтарин сурудҳои бо гитар аст, ки миёни ҷавонон имрўз шуҳрати зиёд дорад.
Ба қавли баъзе аз ҷавонон вақте, ки чуни гиторзаниҳо ташкил мешавад, ҳатман ҳамин суруд садо медиҳад ва ба гуфтаи эшон бояд садо диҳад.
Дар сомонаҳои интернетӣ видеороликҳои зиёди гиторзаниҳои ҷавонон имрӯз мавҷуданд, ки тамошобинашон бештар ҷавононанд.
Аммо гуфта мешавад, ки на ҳамаи сурудҳои бо гитар аҳаммияти тарбиявӣ доранд. Дар баробари сурудҳои шуниданӣ доштан боз сурудҳои дигаре низ ҳастанд, ки бо шеваи кӯчахиёбонӣ ва ибораҳои зишт садо медиҳанд.
 Ташкили фароғати гиторзанӣ  тайи чанд соли ахир ба ҳукми анъана даромадааст, ки аз ин кор бештар ҷавонон истиқбол мекунанд.
  
                     Зеваршоҳ ҒОЗИЕВ

  
Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top