0 Comments

Пахши барномаҳои ТВХ ба 18 соат расид

25 мая

Сар аз рӯзи 25-уми майи соли равон пахши барномаҳои Телевизиони Хатлон (ТВХ) аз 16 ба 18 соат расид. Телевизиони мазкур то имрӯз 16 соат барнома дошт.
Пахши барномаҳо аз соати 6- и субҳ то соати 0:00- и шаб ба истиснои 2 соати таннафус аз соати 13:00 то 15:00 пешниҳоди бинанда мегардид.
Ҳоло ду соати таннафус аз байн бурда шуд ва интизор меравад шумораи барномаҳо зиёд шавад.
Ин тасмим баъд аз таъйин шудани Соҳибназари Муҳаммад Ғоиб, раиси нави Телевизиони Хатлон роҳандозӣ гардид.
Ҳоло мушкили асосии телевизиони мазкур нарасидани мавҷ дар аксари шаҳру навоҳии вилоят аст, ки шуморе аз сокинон доиман аз ин мушкил гиламандӣ мекунанд.
  Бино ба тасмимҳои раиси нав ҳалли ин мушкилӣ нақшаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад, ки дар сартосари вилоят мавҷи телевизони Хатлон бояд таъмин бошад.

                     
Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top