0 Comments

ЯК ШЕЪРИ МАН (4)

05 апреля

  МУБОРАКБОДИ НАВРӮЗӢ
Баҳор омад,
дамиданҳои гул пайғоми ободист.
Хумор омад,
таманнои ҳама як лаҳзаи шодист,
Ба маҳбуси ғам озодист.
  Эй мардум!
Дарахтон гулбасар, як дона гул аз шавқ барчинед.
Ба гул нури ҷамоли дилбарони хешро бинед,
Шумо насли вафодорони оинед.
  Эй мардум!
Ҷафоро аз вафодорӣ ҷудо андар ҷудо созед.
Ба шавқи навбаҳори ин Ватан нозед,
Агар бозӣ бувад, бозед.
  Эй мардум!
Баҳор омад, гуле тақдими ҳам созед,
Ба васфи қомату ҳусну ҷамоли хеш пардозед,
Биёеду ба ҳам нозед.
  Эй мардум!
Ба Наврӯзӣ гули меҳру муҳаббатро ба ҳам бӯед.
Зи гулзори муҳаббат накҳати сидқу  вафо ҷуед,.
Муборакбод Наврӯзи Худо гуед.
Эй мардум!
Замин аз накҳати боди баҳору бӯи боронӣ.
Чи зебоеву рангин асту нуронӣ,
Нишони лутфи раббонӣ.
  Эй мардум!
Бихандед, дар баҳорон ханда мебояд.
Ба тан пироҳани гулдӯзии зебанда мебояд,
Шуморо дар баҳор гулдастаи арзанда мебояд.
  Эй мардум!
Муборакбоди ин фасли баҳорӣ Зеварӣ гӯяд.
Барои созгории Ватан ҳарфи зарӣ гӯяд.
Муборакбод ҳарфе бо дарӣ гӯяд.
Эй мардум! Эй мардум!                  
                            /Зеварӣ/
         

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top