0 Comments

ЯК ШЕЪРИ МАН (5)

05 апреля

               КУЛФАТИ ҶАНГ
Замоне дар ватан аз кулфати ҷанг,
Ду чашми модарон пурашку хун буд.
Аз он ҷанги бародаркуш халоиқ,
Заъифу лоғару беморгун буд.
Барои пораи ноне дар он дам,
Ҳазорон оҳу фарёду фиғон буд.
Ба ранги соя дар он соати шум,
Аҷал дунболаи одам равон буд.
Ҳазорон шукри Истиқлол к-охир,
Ба мо нон доду озодию давлат.
Зи ин рӯ то даме ки ҳаст дунё,
Бидонад қадри Истиқлол миллат.
                           /Зеварӣ/

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top