0 Comments

ЯК МУШКИЛИИ МО(1)

17 апреля

                                    15.04.2017
Мо на ҳама вақт андеша мекунем, ки моро оё ки эҳтиром мекунад ва ё не. Агар аз тавсияҳои олимон гирем, мо набояд вақти қиммати худро ба арзонӣ фурушем, вале аз куҷо...
Басти дуюм, дар факултаи мо соат 14 : 20, аммо дарс нест. Савол: Чаро? Номаълум....
Имрӯз дар аудиторияи мо ба қавли дигарон "тӯй" шуд. Вале барои нафароне, ки ба дарс омодагӣ доштанду интизори чизи омухтании дигар буданд, ба онҳо "тӯй" не, балки маҷбурияти дод задан буд.
Бархеҳо мегуфтанд, ки муаллими дарсдиҳанда, ки нест, пас чаро донишгоҳ  омадаем? Вале сухан сари он меравад, ки ин гуна бемасъулиятиро зиёди мо  намехоҳем-ку (гарчанде баъзе устодони  дигар низ ин шаҳдро ба мо мечашонанд).
     Мо ба омадану наомадан хати бутлон намекашем, фақат мегуем, ки хуб мешуд баъзе устодони дарсдиҳандаи мо нисбати дарсҳои худ ва ҳалол кардани маоши хеш хунукназарӣ накунанд.
Ман итминон дорам, ки ба иззати нафси касе нарасидам. Муроди мо танҳо аз дидан гуфтану аз шунидаҳо навиштан аст, ки гуфтему рафтем.
             Мо ҳам метавонем!

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top