0 Comments

26- уми апрел рӯзи қазовати ман

26 апреля

Имрӯз 26 - уми апрел, ман ҳамеша умед доштам, ки ин моҳ барои ман барор хоҳад авард, вале таасуфтарин соатҳои ҳаётам дар ҳамин рӯз буд. Медидам, ки одамон ба кори худ овора ва ман гумон доштам, ки аз онҳо дида оворатарам, зеро тааҷуб мекардам, ки миёни ҳама шояд танҳотарам. Аслан доди нола задан хуб нест, аммо инсонро баъзан надоштани имконият барои зистан дар худ мекуштааст.
Дар қазовати зиндагӣ ман на бузургаму на кучак, шояд миёнасол бошам, вале қодирам аз оҳанги фаҳмидаҳоям маънии зиндагиро хулоса кунам.
Ман зиёд вомехӯрдам ба нафароне, ки аз чизе норасоӣ доштанд ва ҳамеша мушкилӣ онҳоро азият медод. Масалан, нафареро медонам, ки ба хотири идомаи таҳсил аз имконияти ба даст овардани маблағ, ки роҳи хонаашон аз макони дарсомӯзияш хеле дур буду барояш ҳамарӯза  роҳкиро лозим, руҳан азоб мекашид.

Ман хатти кафолат намекашам, ки имрӯз ҳама аз чунин ҳол ҳарф зананд, аммо қазоват ба дасти хонанда аст.

Шояд суоле пайдо шавад, ки "Чаро барои рафъи мушкилӣ дар ягон ҷо кор намекунад?".  Имруз мо баъзан аз имкониятҳои дасгирии корхонаҳо барои мусоидати кор маҳрум мемонем, ки эҳтимол ҷавоби ин суол чунин бошад. Аммо мисраъҳои воқеъбинонаи Саъдиро  набояд фармуш кард:
Дар ҳама ҷаҳон агар саре нештар аст,
Дар пойи касе халад, ки дарвештар аст.
Аксари мо шояд фурсате наёбем то ғами дигаронро бихурем, вале амиқ аст, ки бо қонуни чархи замона мисли ин қабил нафарҳо мо низ ҳамон хоҳем шуд, ки намехостем...
        

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top