0 Comments

Саломнома (дар шакли шеър) барои чорабиниҳо

19 апреля

Ассалом, эй орифону содиқони ин Ватан,
Ассалом, эй дустдори ҷовидони ин Ватан.
Мо Ватан дорем номаш Тоҷикистони азиз,
Ассалом, эй ҳамдиёри марзбони ин Ватан.
-
Ассалом, бар он ки медонад муҳаббат кори мост,
Эҳтироми ҷовидонии Ватан пиндори мост.
Бо тафохури ватандории худ болидаем,
Ассалом, бар он ки медонад сухан саршори мост.
-
Ассалом, бар родмардони ватандори Ватан,
Ассалом бар навҷавонони вафодори Ватан.
Ҳар, ки медонад, ки медонем мо қадри Ватан,
Ассалом, бар ону ину посдорони Ватан.
-
Ассалом, эй мардуми бо нангу ори ин диёр,
Ассалом, эй нури истиқлолу файзи бешумор.
Бо садоқат дар сухан баҳри Ватани бархостем.
Ассалом, эй ҳамнавою ҳамфазою ҳамдиёр. 
                                   /Зеварӣ/

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top