0 Comments

ЯК РӮЗИ МАН (2)

17 апреля

Шукрона, ки дар шаҳр дӯстони ман зиёданду аксарият навқаламу шоир.
Иштирок дар чорабиниҳову ба ҳам омаданҳо ба ман неруи хоса мебахшад.
Имрӯз дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон озмуни шеър буд, ҳеҷ гумон надоштам, ки ғайринтизору беихтиёр дӯстони ман аз Хуросону Колхозободу Панҷ ва аз дигар гирду гушаҳои кишвар  ба Қурғонтеппа меоянд. Аслан, фосилаҳо миёни мо хеле зиёд аст, аммо кушиши дидани дидор самараи хушоянд ба бор хоҳад овард.
Мо ҳамеша ба хотири садоқати инсондӯстӣ ва меҳри беандоза доштан нисбати якдигар омодаем, ки ҳар кори неку созандаеро барои ҳамдигар кунем.
Имрӯз ман худамро аз дидани ҳамқаламону ҳамрозони хеш хеле хушҳолу сарафроз дидам ва барояшон ҳамеша дуогӯ ҳастам.
Ҷовидон бод, дӯстӣ!
                                  

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top