Дар ҷаҳон донӣ, ки гардад муътабар?
Он ки ӯро пок мебошад назар.
★★★
Гар ба айби хештан доно шавӣ,
Кай ба айби дигарон бино шавӣ!
★★★
Бандагӣ аз худшиносӣ шуд тамом,
Нест марди беадаб соҳибмақом.
★★★
Касе к-ӯро чароғи донише нест,
Яқин донам, ки дар осоише нест.
★★★
Мар туро ҳар кас, ки ёри ғам бувад,
Чун расад шодӣ, ҳамон ҳамдам бувад.
★★★
Ҳар ҷо, ки офтоб рахшон гардад,
Пайдо бошад, ки соя пинҳон гардад.
★★★
Ҳар кӣ по аз ҳадди худ бартар ниҳад,
Сар диҳад бар боду тан бар сар диҳад.
★★★
Ҳеҷ каср юо дар ҷаҳони баҳру бар,
Аз қаноат нест мулке бештар.
/Фариддудинни Аттор/
Поделиться в соцсетях:
Рекомендуем:
Подписаться на:
Комментарии к сообщению (Atom)
0 Comments:
Отправить комментарий