Ёдат ба хайр, эй ки зи мо ёд мекунӣ.
Як қитъаи диёр агар обод мекунӣ.
Ҷовид бош, азизи дилошӯби ёдҳо.
Гар бо сухансароӣ диле шод мекунӣ.
Гӯянд мондагорӣ зи кори ту мешавад,
Дар тангдастиҳо ту гар имдод мекунӣ.
Ёдат ба хайр, эй ки зи ман дури дури ту.
Гар бо дуо маро ту хайрбод мекуни.
Хуш бош то абад, ки замоне барои Ҳақ,
Мурғи қафас зи раҳм гар озод мекунӣ.
Як умр зӣ, ба шеъри худ, ай шоири сухан,
Гар як таронаи Ватан эҷод мекуни.
/Зеварӣ/
Поделиться в соцсетях:
Рекомендуем:
Подписаться на:
Комментарии к сообщению (Atom)
1 Comments:
Отправить комментарий