0 Comments

Дубайтиҳои Зеварӣ

17 июня

Дунё гузарон асту дили мо нигарон аст,
Бар камбағалон зиндагӣ як бори гарон аст.
Дар роҳи Худо он касе шоҳона бимирад,
Гар зиндагию кори ӯ баҳри дигарон аст.
      ***            ***
Эй кош санам шона бар мӯи ту мебудам,
Ту аз ману ман аз ту, дилҷӯи ту мебудам.
Дар хоб туро дида гуфтам, санамо эй кош,
Мешуд, ки ба бедорӣ роҳ сӯи ту мебудам.
      ***            ***
Аз ёри ҷудогашта дигар аҳду вафо нест,
Сад бор чафо карду зи он меҳру вафо нест.
Дар боғи чу булбулсифатон чора надорам,
Сад вой дареғ, аз ӯ дигар нуру сафо нест.
      ***         ***
Дилрабо дар ишки ту  дилбурдаҳо дилхун шуданд,
Зору пазмону фигору хаста чун маҷнун шуданд.
Дар миёни чор девори қафас бечораҳол,
Кардаӣ моро нигоро дардҳо афзун шуданд.
      ***            ***
Аз ғамат булбулсифат, бечораҳол девонаям.
Эй нигоро, бо алам ман дар ба дар бехонаям.
Мунтазири як нигохи чашми мастат,  эй санам,
Ин манам Маҷнуни ту, дилхуни ту чононаям.
      ***            ***
Баъди бедорӣ ба сад дарду алам,
Аз барам дилбарам нигорам рафт.
Ман куҷо будаму  чиҳо гуфтам,
К-аз дарам  гулфарам баҳорам рафт.
      ***            ***
Дил дораму беқарорам эй гул,
Дар ишқи ту бемадорам эй гул.
Биншаста ба кунҷи хонаи ғам,
Дар роҳи ту интизорам эй гул.
      ***            ***
Имшаб ба ду навҷавони зебо,
Иқболи висоли бахт зебад.
Кафкубиву рақсу базму бозӣ,
Пирӯзиву тоҷу тахт зебад.
      ***            ***
Гулфари нозукадо ҳоло чу ман зор мешавӣ,
Ташналаб, булбулсифат дар боғи дил хор мешавӣ.
Рафти аз ман бо хато ёре наёби  бовафо,
Дар миёни хоби нози ишк бедор мешавӣ.
      ***            ***
Арус бо шаҳ маю соқӣ қадаҳ лабрези ободӣ,
Бувад ин базми дилшодӣ нишон аз бахту озодӣ,
Наю чангу рубоб бо андалеб оҳанги мутрибон,
Садо созад, наво созад ба тоҷу тахти домодӣ.
      ***            ***
Дар чамангохи мухаббат бе ту танхоям, биё,
Дидагирён, ошно бо дарду гамхоям, биё.
Гул ба домонам биё, сарви хиромонам биё,
Бе ту танхоям, ба роҳат  зору пазмонам, биё.
      ***            ***
Аз қазо "берузиям" гуфтан зи ҳарфи одамӣ,
Аз нишони ноумедӣ сӯйи даргоҳи Худост.
Ҳар, ки бо доду надоди Ҳақ қаноатпеша аст,
Хоксоресту ба дунё дӯсти огоҳи Худост.

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top