0 Comments

Нигаронӣ аз мушкили забон ва ҳаққи қалам

20 июня

Дар ҳамоише, ки бо жуналистони ҷавон ва донишҷӯёни бахши журналистикаи Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, зикр гардид, ки аксар журналистон мушкили забон доранд. Раҳмоналӣ Давлатов, ҳуқуқшиноси Анҷумани Милии Воситаҳои Ахбори Оммаи Мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯз  20 июн гуфт, ки дар суҳбат бо забони давлатӣ ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд.

Раҳмоналӣ Далатов ин нуқтаро дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи Носири Хусрав изҳор намуд, ки гоҳо ҳолатҳое мешавад, ки журналистон дар навишт ва суҳбат забони давлатиро хуб риоя намекунанд. Аз ҷумла ӯ мисол овард, ки  навишти мақолаҳои аз лаҳҷа истифода карда гоҳо корро то баҳсҳои судӣ мерасонад.
Давлатов гуфт,  бо он ки  суҳбату гуфтугӯиҳои мардуми мо ки дар минтақаҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва шеваи хоси гуфтугӯӣ доранд, гоҳо ба матбуот роҳ меёбанд, ки аз риоя нашудани забони давлатӣ дарак медиҳад.

  Дарки мардуми мо ки ҳар кадом минтақа бо фаҳму лаҳҷаи хоси худ тафоввут доранд, аз журналистон бо маводи худ барои ба ҳадафи кор расидан масъулияти бештарро талаб мекунад, зикр кард ӯ.
Ҳамзамон ӯ ба донишҷӯён, рӯзноманигорони оянда  нуқтаи назар намуд, ки касби рӯзноманигорӣ бисёр пурмасъулият аст ва зимнан тавсия дод, то пеш аз ҳама дар кори журналистиашон  меъёрҳои ҳуқуқиро бояд донанд.

Раҳмоналӣ Давлатов ҳангоми суҳбат бо донишҷӯён мушкилии надонистани қонунҳои забони давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ВАО - ро аз ҷониби баъзе аз журналистони ҳатто саршиноси вилояти Хатлон, ки хело кам ҳастанд дар ҳоли нигаронӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ки умед дорем ин мушкил ҳал мешавад. Кӯшиш намуда истодаем, ки дар вохӯриҳо бо кормандони гуногуни ВАО - и вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем.

   Зимни вохурӣ аз ҷониби доншҷӯён суол ба миён омад, ки чаро донишҷӯёни таҷрибаомӯз аз маводи интишор кардаашон ҳаққи қалам (ганарар) намегиранд?
Давлатов дар ин росто қайд намуд, ки масъалаи  ганарар надодани таҷрибаомӯзон, ки  тайи ин рӯзҳо донишҷӯёни рӯзноманигор сафарбар мешаванд, то ин дам масъалаи нигаронкунанда буд ва акнун бе мамоният таҷрибаомӯз метавонад дар асоси шартнома бо сармуҳаррири идора ҳаққи қалам бигирад.

Аловуддин Риоев, донишҷӯйи соли дуюми риштаи рӯзноманигорӣ ҳангоми суҳбат ба мо гуфт, дар як соли таҷрибаомӯзӣ ва ду соли таҳсил аз маводҳои нашркардаи худ  боре ҳаққи қалам нагирифтааст ва имсол баъди анҷоми соли хониш, ки ба таҷриба сафарбар мешавад, умедвор аст, ки  бо ин мушкилӣ дигар рӯ ба рӯ нахоҳад шуд.
                                       Акс аз ҷараёни вохӯрӣ

   Донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи Носири Хусрав, ки имсол аз 22 юми моҳи июн ҳамчун таҷрибомӯз ба идораҳои рӯзномаву маҷалаҳо ва радиову телевизон фиристода мешаванд, дар бораи интишори мавод ва талаби ҳаққи маводи нашркардаашон минбаъд дар асоси шартнома  ҳуқуқ доранд.

Суннатулло Эмомов, донишҷӯйи соли сеюми ҳамин ихтисос мегӯяд "То кунун ба расонаҳои зиёде мавод интиқол медодам ва яке чоп мешуд, дигаре шунида ва ё дида мешуд, аммо ҳам ҷуръат намекардам, ки ҳаққи қалам талаб намоям. Зеро фикр мекардам, ки ҳаққи қаламро танҳо кормандони доимии идора гирифта метавонанд. Вале имрӯз фаҳмидам, ки ман низ ҳамчун як мухбир ё корманди ғайриштатӣ метавонам бо идораи дилхоҳ росона шартномаи меҳнатӣ бандам ва ба фаъолияти нисбатан озодтари эҷоди журналистӣ ва ба хотири ба даст овардани фоидаи бештар корро ҳамчун журналист боз ҳам ҷиддитар оғоз намоям. Зеро имрӯз барои ман ҳамчун навқадам омӯзиш ва таҷрибаи касбӣ лозим аст ва табиист, ки пул ҳам лозим аст. Бе пул чандон наметавон кори хубе кард ба фикрам. Яъне пул набошад намешавад як кореро анҷом диҳӣ. Вале чун агар пул (ҳаққи қалам) бошад, кор ранги дигар мегирад ва қалам бурротар мешаваду сухан муассиратар. Аммо фақат пули ҳалоли журналистӣ бошад. Фақат ҳаққи қалам аз расона, на чойпулӣ аз каси дигару ҷойи дигар".
                 /Зеваршоҳ ҒОЗИЕВ, "zevarshoh.blogspot.com"/
Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top