0 Comments

В сети (шеър)

26 августа

Мебинамат "В сети" аммо наменависи,
Андар суҳуфи қаъри дилҳо наменависи.
Умре, ки зиндагиро кутоҳ менамояд,
Моро гунаҳ чӣ бошад, бар мо наменависи?

Зиндонӣ ҳам ба хайре, рӯзе паноҳ ёбад,
Бар ошиқони бандӣ, ёро наменависӣ.
Дилҳои ғуссаангез  умре дар интизоранд,
Ҳарфе барои шайдо ҳатто наменависи.

Гуфтам, ки менависам, рӯи саҳифаи ту,
Бар шоми тираи мо лоло наменависи.
Мебинамат "В сети" аммо наменависи,
Моро гунаҳ чӣ бошад, бар мо наменависи?
                           /Зеварӣ/


Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top