Чанде боз тағйироти кадрӣ дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон сурат гирифта, чеҳраҳои нав даъват шуда истодаанд.
Роҳбарияти Идораи телевизони Хатлон Зокир Ҳасанро, ки чанде пеш ба ҳайси мудири шуъбаи Ахбор ба кор қабул шуда буд, ҷойгузини Маҳмадалӣ Акрамов сармуҳаррири телевизион кард.Бо тағйири вазифаҳо дар самти телевизиону радиои вилоят Маҳмадалӣ Акрамов ба вазифаи сармуҳаррири радио таъйин гардида, ҷойгузини Машраби Аловиддин шуд.
Машраби Аловиддин барои пешбарии вазифаи мудири шуъбаи Ахбори телевизон таъйин шуд.
Акнун Зокир Ҳасан ба вазифаи сармуҳаррири телевизион, Маҳмадалӣ Акрамов ба ҳайси сармуҳаррири радио ва Машраби Аловиддин ҳамчун мудири шуъбаи Ахбори телевизион кори худро оғоз менамоянд.
Телевизиони Хатлон чанде пеш пахши барномаҳояшро аз 16 ба 18 ва аз 18 ба 20 соат расонид, вале то ҳанӯз аз нарасидани мавҷ дар миқёси вилоят мушкил дорад.
Зеваршоҳ ҒОЗИЕВ
0 Comments:
Отправить комментарий