ДУРУД
Ба кори Офаридагор,
Ба ишқи поку мондагор,
Дуруд бод!
Ба меҳру бар сафои дил,
Ба субҳи вошикофтаи замири шаб.
Ба гул, ки медамад зи гил,
Дуруд бод!
Ба халқи номдори ман,
Ба кишвари шукуфта чун баҳори ман.
Ба миллати ҳамеша бахтёри ман,
Ба бахти гулнисори ман,
Дуруд бод!
Ба ваҳдату ба сулҳи ҷовидони мо,
Ба чашмаи бақои мо-забони мо.
Ба раҳмати сиришти модарони мо,
Дуруд бод!
Ба шеъри чашмҳои ту,
Ки мебарад зи дида хоби ман.
Ва мешавад тарона дар китоби ман,
Дуруд бод! Дуруд бод!
/ЗЕВАРӢ/
Поделиться в соцсетях:
Рекомендуем:
Подписаться на:
Комментарии к сообщению (Atom)
0 Comments:
Отправить комментарий