Инсон бидуни ҳама гуна мушкилот ҳамеша як орзуе дорад. Аммо баъзан на ҳама орзуҳо амалӣ мегарданд.
Нафаре мегӯяд, "Ман аз хурдӣ орзу доштам, ки
халабон шавам, вале падару модарам ба ин розӣ набуданд. Бо тавсияи волидайн дар донишкадаи хостаи онҳо ман ба касби муаллимӣ ҳуҷҷат супурдаму донишҷӯ шудам.
Ҳарчанд устодони ботаҷриба дар ин соҳа ба ман дарс мегуфтанд, аммо гумон доштам, ки он бенатиҷа аст, зеро ба касби таҳсилдоштаам умуман майл надоштам.
Аз панҷ соли таҳсил дар хона аз ман муаллими ба қавле пухта расидаро интизор буданд, аммо мутаасифона...
Баъди хатми донишкада барои он ки дар ин касб фаъолият кунам, маро мебоист шавқи зиёд дошта бошам, вале ҳайҳот!
Ба муҳоҷирати меҳнатӣ Россия рафтанам сабаби ҳамин буд, ки ман барои кор бо дипломи омӯзгориям боварӣ надоштам, ки фаъолият карда тавонам.
Дар шаҳри бегона тӯли се сол бекор будам.
Ба худ мегуфтам: Агар дар касби дӯстдоштаам таҳсил мекардам, шояд дар ватани худ кори манфиатбахше пайдо мекардаму ба ин ҳоли ғарибӣ мубтало намегаштам".
Аз ин гуфтаҳо метавон ба хулосаҳои зиёд омад.
Ман бар он ақидаам, ки волидайни имрӯза набояд дар интихоби касби ояндаи фарзандони хеш монеа
эҷод кунанд.
Аз ин матлаб хулоса ва қазоватро ба қалами хонанда медиҳам.
Поделиться в соцсетях:
Рекомендуем:
Подписаться на:
Комментарии к сообщению (Atom)
1 Comments:
Ништиякай бародар!
Отправить комментарий