0 Comments

ЯК РӮЗИ МАН (1)

02 апреля



Замони аз деҳа ба шаҳр омаданам ва ҳатто аввалин рӯз бароям хеле  ҳайратовар буд, ки гоҳе аламӣ дурӣ аз модару деҳа мекашидам.
Медонистам, ки аз як муҳит ба муҳити дигар рафтан инсонро баъзан дар муддатҳои тулонӣ одат мекунонад, аммо лаҳзаҳои ғайриинтизори он руз, дидани фарқиятҳо  маро водор мекард то ҳар чи зудтар одат бикунам.
Ман тақрибан 14-15 сола будам, муҳаббати шаҳр маро ошнотар мешуд.
Мегуфтам, ки шояд дар дунë ва махсусан дар шаҳрҳо одамони оқил зиëданд ва ман фурсат меëбам то оқилиро омузам.
Аслан, барои як бачаи миёнасол дарки баъзе масъалаҳои ногаҳон рух медода на он қадар қобили фаҳм аст ва думболи чизе рафтан аз майли ҳамешагӣ нест, фақат дониши кофӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Имруз барои ман аҷиб аст, ки ҳамон рӯзи аввалини ба шаҳр омаданам худ ба худ ҳамин гуна андашаҳо доштам ва барои ба мурод расиданам хушҳол будам, ки фардо рӯзи дигар хоҳад шуд.

                  /Зеварӣ АЗ ДЕҲА БА ШАҲР/

Поделиться в соцсетях:

Рекомендуем:

 
Кушодан
Top