Дар ин дунёи найранги муҳаббат,
Чаро аз ман ҷудои эй дил, эй дил?
Ки медонад дар ин умри дуруза,
Ки думболи чиҳои эй дил, эй дил.
Ду се рузи дигар руи заминам,
Бигу охир куҷои эй дил эй дил.
Гадои дидани руйи ту будам,
Ту ҳам рӯзе гадои эй дил эй дил.
Вафо кардам, вафо кардам валекин,
Шунидам бевафои эй дил эй дил.
Агар сад соли дигар зинда мони,
Ҳамон ноошнои эй дил эй, эй дил.
/Зеварӣ/
Поделиться в соцсетях:
Рекомендуем:
Подписаться на:
Комментарии к сообщению (Atom)
0 Comments:
Отправить комментарий