Шӯъбаи ташкилоти ҷамъиятии “Пешгирии коррупсия” дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон ба фаъолият оғоз намуд, ки минбаъд кори худро дар барҳамзани ҳолатҳои коррупсиёнӣ ҷоннок ҳоҳад кард.
Рӯзи 23-юми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Қурғонтеппа маросими расман ба фаъолият оғоз кардани корхона сурат гирифт, ки Субҳиддин Муродов, роҳбари ин ташкилот ба кормандони намоядагии ташкилоти “Пешгирии коррупсия”дар маркази вилоят ҳуҷҷатҳои расмӣ ва ваколатномаҳою шаҳодатнома ба онҳо супурд.
Муродов Субҳиддин , таъкид кард, ки барои фаъолияти босамари кори шӯъбаи “Пешгирии коррупсия” ҳамаҷониба бо дили саршор аз садоқати меҳандӯстӣ ба хотири пешгирии амалҳои коррупсиёнӣ кори босаммар бояд дошт.
Коррупсия чист?
Дар адабиётҳои илмию ҳуқуқӣ дар бораи мафҳуми коррупсия суханҳои зиёд дарҷ гардидааст. Коррупсия ҳамсинну соли инсоният мебошад. Аз замони пайдо шудани инсоният масъалаҳои хислати коррупсиёнӣ дошта, кирдорҳои ҷиноятӣ, муносибатҳои дар байни шаҳрвандон бо нафарони мансабдор сурат гирифта ва дар вақти ҳал намудани ин ё он проблемаҳои шахсии шаҳрвандон эҳтимолияти зуҳур гардидани омилҳои коррупсиёнӣ дида мешавад.
Дар он ҷое, ки мақомотҳои дахлдор ба қабули шаҳрвандон машғуланд, ҳангоми қабул ва ҳалли мушкилотҳои онҳо норасоӣ ва камбудиҳое, ки аз тарфи шаҳрвандон зоҳир мегардад, аз эҳтимол дур нест, ки онҳо характери коррупсиёнӣ доранд.
Ташкилоти ҷамъиятии “Пешгирии коррупсия” дар Тоҷикистон бо роҳбарии Субҳиддин Муродов дар соли 2017 ба фаъолият оғоз намуда, намояндагии худро дар минтақаҳои Суғду Бадахшон ва ҳамакнун дар Хатлон таъсис додааст.
Оиди таъсиси намоядагиҳо ва баргузории ҳамоишҳо барои пешгирӣ кардани амалҳои зиддикоррупсиёнӣ, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Пешгирии коррупсия” дар Тоҷикистон Муродов Субҳиддин дар суҳбат бо мо чунин гуфт: “Ҳадафи асосии ташкилоти ҷамъиятии “Пешгирии коррупсия” дар Тоҷикистон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва то андозаи имконпазир тариқи фаҳмондадиҳӣ дар пешгирӣ намудани зуҳуроти коррупсионӣ мебошад. Мақсад аз таъсис додани шӯъбаҳои “Пешгирии коррупсия” дар манотиқҳои кишвар, хусусан дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон баҳри пеш бурдани корҳои оммафаҳмонӣ аз санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақомотҳои қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии коррупсия ба мақсади кам кардани ин падидаи номатлуб қабул гардидаанд, тариқи фаҳмонда додани моҳияти ин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва колективҳои меҳнатӣ бо кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ иборат мебошад”.
Муродов дар масоили нест гардонидани ин вабои аср, яъне коррупсия ва пешгирии бунёди нишонаҳои коррупсия дар ҷумҳурӣ мутминан афзуд, ки оянда ташкилоти ҷамъиятии “Пешгирии коррупсия” дар Тоҷикистон тамоми корҳои фаҳмондадиҳии байни шаҳрвандон тренингҳо, семинарҳову конфренсияҳо ва чорабиниҳои худро бевосита дар ҳамкорӣ бо кормандони шӯъбаи Агентии назорати давлатии “Мубориза бар зидди коррупсия”- и Чумҳурии Тоҷикистон ба роҳ хоҳад монд.
Барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Халон шӯъбаи мазкур минбаъд фаъолмандии худро нишон дода дар бартарафсозии ин омили нохушоянд саҳм мегузоранд.
Ташкилоти навтаъсиси “Пешгирии коррупсия” дар Тоҷикистон ин ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ буда, бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба тавсиб расонидааст. Ва тибқи созишномаи мазкур фаъолияти ояндаи худро дар самти тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирӣ намудан корррупсия дар ташкилоту корхонаву муассисаҳо доир мегардонад.
Коррупсия чи тавр зуҳур меёбад?
Аслан коррупсия дар шакл ва мазмунҳои гуногун зуҳур меёбад. Аксари мардуми Аврупо бар он назаранд, ки коррупсия аз мавқеи хизматӣ сӯистифода кардани хизматчиён ва мансабдорони давлатӣ, ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки коррупсия аз ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва қонуншиканиҳо дар заминаи амали ғайриқонунӣ ва беамалии кормандони иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба миён меояд.
Коррупсия дар шаклҳои анъанавӣ низ зуҳур меёбад. Масалан, аз адои хизмати давлатӣ ба воситаи аз мавқеи хизматӣ бурдани шахсони масъул ва ё аз адои хизмати давлатӣ ҷавононе, ки ба синни даъватӣ расидаанд, озод намудани онҳо. Ва аз қабиле, ки бо роҳи додани порра масъулин хешу табори наздики худро аз хизмати ҳарбӣ озод мекунанд, ё ин ки ҳангоми баррасии масъалаҳои судӣ аз тарафи судияҳо шахсе, ки бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад, ҷавобгари онро маҳдуд ё кам мекунанд, ки ин ҳам шаклҳои зуҳурёбии коррупсиёнӣ аст.
Ҳангоми гузаронидани музоядаҳо ё савдои оммавӣ, ки нафарони масъул аз мансабҳои хеш истифода карда нодуруст мегузаронанд. Ва ҳамчунин дар баҳогузории атестатсионӣ ба шахсоне баҳои мусбӣ гузошта мешавад, ки онҳо дараҷаи сатҳи баланди кордонӣ надоранд, вале бо роҳи пешниҳоди пора онҳоро ба макотибҳои олӣ дохил мекунанд.
Ингуна омилҳову кирдорҳое, ки характери коррупсиёнӣ доранд, дар моддаҳои 245, 246, 247, 257, 274, 279 ва 296 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии тоҷикистон мушаххас дарҷ гардидааст.
0 Comments:
Отправить комментарий